Илм ва маориф

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба ин  соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эътибори ҷиддӣ  дода мешавад.

Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 39 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 831 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кўдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 579415 нафар, аз ҷумла  279016 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 14184  нафар зиёд мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар назди 35 муассисаи таълимии вилоят 232 синфхонаи иловагӣ бо 6860 ҷойи нишаст, 4 толор ва 2 майдончаи варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, бинои 10 муассисаи таълимии нав бо 3680 ҷойи нишаст дар як баст ва 4 муассисаи томактабӣ бо 1040 ҷойи нишаст, сохта ба истифода дода шуд.

Шумораи омўзгорони вилоят 39378 нафар, аз ҷумла занон 26380 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 33531 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1409 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4428 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд.

 Дар соли хониши 2020-2021 хонандагони вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннию даставӣ иштирок намуда, сазовори 473 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 276 ҷойи сеюм дониста шуданд. Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони синфи 11 ба гирифтани 129 ҷойи ифтихорӣ, хонандагони синфҳои 7-8 ба 108 ҷойи ифтихорӣ ва хонандагони синфҳои 5-6 ба гирифтани 88 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ хонандагони вилоят соҳиби 132 ҷойи ифтихорӣ ва дар олимпиадаи «Spelling Bee» соҳиби 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Ҷиҳати баргузор намудани олимпиадаҳо дар соли хониши 2021-2022 корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ибтикори Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол ин ҷониб озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида, шурӯъ аз соли 2021 бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ озмуни нав таҳти унвони “Илм - фурўғи маърифат” эълон карда шуд.

Роҳандозии озмунҳои мазкур барои маърифатпарвар шудани намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ба китобу китобхонӣ рўй овардани пиру барно боиси боло рафтани маънавиёти ҷомеа, тарғиби ғояҳои худшиносиву ватандўстӣ, ифтихор аз фарҳанги ғании ниёгон ва боло рафтани ифтихори миллии насли наврасу ҷавон мегардад.

Дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, аз рӯи зиёда аз 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Шумораи устодон 3648 нафар буда, аз онҳо 89 нафар профессору доктори илм ва 740 нафар номзади илм мебошанд.

Шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар соли хониши 2021-2022 дар умум 70984 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 48379 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва 22615 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд. Дар мактабҳои олии вилоят ҳамагӣ 886 нафар тариқи квота таҳсил намуда истодаанд.