Дар Хуҷанд 37 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ ба истифода дода шудааст

Бо амалӣ намудани чораҳои муассир ва барномаҳои соҳавӣ дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 37 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 900 адад ҷойи корӣ бо ҷалби 53 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 297 адад расонида шуд.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 282,0 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 112,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор 300,8 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.

Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 702 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон иттилоъ дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2024 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 726,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ тадбиқ шудааст, ки аз он 595,7 миллион сомонӣ сармоягузории хориҷӣ ва 131,1 миллион сомонӣ сармоягузории дохилӣ мебошад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2094 меҳмони хориҷӣ ва 25142 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд.

Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

19 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо сохтмони корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ "Ҷаъфар-2014" ва коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ "Ҷумъабой Мирзо" шинос гардид.

Корхонаҳои саноатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли хишт он метавонад 70 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин созад.

Дар коргоҳи забҳи паранда бошад дар то 15 нафар бо кор ва маош таъмин хоҳанд шуд.