Шиносоӣ бо рафти азнавсозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти азнавсозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») шинос гардид.

Корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ дубора ба кор андохта мешавад. 

Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад.

СУҒД: Ба маблағи 756,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2,7 млрд. доллари амрикоӣ расонида шудааст, ки аз он ҳаҷми воридот 2 млрд 37,6 млн. доллар ва содирот 756,7 млн. доллар ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 ба маблағи 371,2 млн. доллар маъдану консентрат, ба маблағи 81,4 млн. доллар нахи пахта ва ба маблағи 15,6 млн. доллар семент содирот карда шудааст, ки мутаносибан 49,0 фоиз, 10,8 ва 2,1 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил намудааст.

Дар соли 2023 ба маблағи 10,1 млн. доллари амрикоӣ 4082 тонна калоба ва ба маблағи 24,3 млн. доллар 1540 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 8,2 млн. доллар ё 4,2 баробар ва 2,1 млн. доллар ё 109,5 фоизро ташкил намудааст.

Дар ин давра 157,4 ҳазор тонна ё 24,3 ҳазор тонна зиёд маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 40,7 млн. доллар содирот шудааст.

СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд. 51,9 млн. сомонӣ расонида шуд

Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 26 млрд. 51,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.

Соли 2023 1,3 млн. тонна семент ва 1,4 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд. Инчунин соли гузашта ба миқдори 298,1 ҳазор тонна орд, 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ, наздик 60 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ, 36,3 млн. қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14,5 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд 108,6 фоиз, равғани растанӣ 109,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 113,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 147,4 фоиз, консерваҳо 120,0 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 134,7 фоизро ташкил медиҳад.