Дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани содироти маҳсулот, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт чораҷӯӣ карда мешавад.
Зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон маълумот дода шуд, ки бо ташаббуси соҳибкорон фабрикаи паррандапарварӣ бунёд гардида истодааст. Фабрикаи паррандапарварии ҶДММ "Шамс тиҷорат" бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.