Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” шинос шуданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли “Ванадий”-и Коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ” бо хатти истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.

Бояд қайд кард, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пурра навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли “Поливанадати аммоний” ва “Панҷоксидаи ванадий” роҳандозӣ гардидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмӯъ ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд

Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки "Апрелевка" санги асос гузошта шуд. 

Коргоҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории корхонаи "Апрелевка" ва ҶСК «Технологияи коркард» якҷо бо ширкати илмӣ ва истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия сохта хоҳад шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар оғози корҳои бунёдии коргоҳ иброз дошт, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.