Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон дар маҷмӯъ ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолӣ санги асос гузошта шуд

Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон ба бунёди коргоҳи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки "Апрелевка" санги асос гузошта шуд. 

Коргоҳи мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории корхонаи "Апрелевка" ва ҶСК «Технологияи коркард» якҷо бо ширкати илмӣ ва истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Россия сохта хоҳад шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар оғози корҳои бунёдии коргоҳ иброз дошт, ки дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. 

Дар корхонаи "Оби зулол" хати нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд

Дар корхонаи маъруфи "Оби зулол" хати нави истеҳсолӣ фаъол шуд.

Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат хати нави истеҳсолӣ ба кор андохта шуд.

Таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ғизо барои кӯдакон, афшура, мураббо ва смузи аз Италия ворид гардида, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шуд.