9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.
Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерваи моҳӣ таъсис дода шуда, дар он дар 2 баст 50 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.