Ба маблағи 420 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шуд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 1 млрд. 475,6 млн. доллари ИМА расонида шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1055,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 млн. доллар ё 14,0 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 420,1 млн. долларро ташкил намуд. Аз вилоят асосан маъдану консентрат, нахи пахта, либосворӣ, семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДДМ «Сирдарё» шинос гардида, барои истифодаи самраноки иқтидорҳои истеҳсолӣ тавсияҳо дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона бо ному тамғаҳои гуногун обҳои ташнашикан ва афшураҳои гуногун истеҳсол гардида, меваву сабзавот пурра коркард мешавад. Дар корхонаи айни замон беш аз 40 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил мекунанд. 

Ҳамасола олуча, зардолу, шафтолу, анору себ, помидору бодиринг аз деҳқонон қабул карда шуда, коркард мегардад ва маҳсулоти тайёр ба бозорҳои дохилӣ, инчунин кишварҳои гуногун содирот мешавад. Нархи қабули меваву сабзавот вобаста ба сифати онҳо аз 1,2 сомонӣ то 3 сомониро ташкил мекунад.

Маҳсулоти ширкати "Арча" дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024"

Беш аз 200 корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ маҳсулоти худро дар даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба намоиш гузоштанд.

Дар қатори дигар корхонаҳо маҳсулоти истеҳсоли ширкати "Арча" низ ба меҳмонони намоишгоҳ муаррифӣ шуд. Аснои боздиди меҳмонон аз растаи ширкат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар корхона 400 намуди мебелҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. 

Дар айни замон ширкат илова бар таъмини бозори дохилӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти худро ташкил кардааст. Зеро тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур яке аз ҳадафҳои масъулини корхона мебошад.