Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави ҶДММ «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаҳои «ММК» ва​ «Сахо ва К» истеҳсоли маводи гигиениву антисептикиро ба роҳ монданд

Бо мақсади пешгирии сирояти короновируси навъи COVID-19 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ, аз қабили ҶДММ «ММК»-и шаҳри Хуҷанд ва​ ҶДММ «Сахо ва К»-и шаҳри Гулистон истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Исфара: Корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» ба фаъолият оғоз намуд

Дар шаҳри Исфара бо ҷалби сармояи хориҷӣ, бо маблағгузории Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Федератсияи Россия боз як корхонаи истеҳсолӣ - Корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» таъсис ёфтаву ба фаъолияти шурӯъ намуд.

Тавре дар расми ифтитоҳи корхонаи тозабунёд сарвари ҶДММ «Саманд Исфара» Фахриддин Сироҷов изҳор дошт, алҳол аз ҷониби муассис ба миқдори 233,5 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифта, дар ояндаи наздик ҳаҷми он ба 500 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Ба фаъолият оғоз намудани корхона имконеро фароҳам сохт, ки наздик 30 нафар сокинони шаҳр ҷойи кори доимӣ пайдо намоянд. Интизорӣ меравад, ки давоми соли равон ҳамзамон бо воридсозии таҷҳизоту хати дигари истеҳсолӣ шумораи кормандонаш то 40 нафар афзоиш ёбад.

Тибқи иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исфара иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки алҳол беш аз 10000 ҷуфт намудҳои гуногуни пойафзолҳои кӯдакона ва калонсолон истеҳсол гардад ва афзоиши тадриҷии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тарҳрезӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки давоми нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Исфара боз 2 коргоҳи хурди истеҳсолӣ - коргохи коркарди истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ (коркарди сангхои ороишӣ)-и «Аниси Исфара» бо иқдоми соҳибкори муваффақ аз ҷамоати деҳоти Навгилем Нуриддинов Баҳром, инчунин коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Қурбонова Мухаррамахон ба фаъолият оғоз намудаанд.

Ин ҳама самараи неки густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, дастгирии иқдому ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ ва фароҳамсохти шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби роҳбарияти шаҳр арзёбӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд