Маълумот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2026

Мувофиқи маълумоти расмии омори давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 21188,0 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 108,0 дарсад таъмин ва ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 25,9 дарсадро ташкил додааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,0 дарсад, кишоварзӣ 10,2 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 46,4 дарсад, баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 39,3 дарсад, гардиши савдои чакана 19,5 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 6,8 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 35,2 дарсад ва ғайра таъмин гардид.
Дар ин замина ва дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда, нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 106,3 дарсад ва ба маблағи 4284,0 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 254,2 млн. сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 796,1 млн. сомонӣ ё 22,8 дарсад зиёд мебошад.
Назар ба маълумоти пешакии мақомоти андоз дар вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ба андозаи 107,2 дарсад ва ба маблағи 937,0 млн. сомонӣ таъмин гардида, воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,0 дарсад ё 168,9 млн. сомонӣ афзудааст. Аз ҷумла, нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 101,5 дарсад ё ба маблағи 432,2 млн. сомонӣ ва андози иҷтимоӣ аз корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 112,7 дарсад ё ба маблағи 504,8 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2025-ум мутаносибан 24,9 ва 19,6 дарсад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллиро пурраю барзиёд таъмин карда, танҳо дар ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент нақшаи воридот ба буҷети давлатӣ аз рўйи контингенти умумии даромадҳо иҷро нагардид.
Дар ҷамъбасти нимсолаи якум нақшаи ҳиссаҷудокуниҳо аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 104,0 дарсад иҷро карда, ҳиссаҷудокуниҳо ба маблағи умумии 1117,4 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 42,8 млн. сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 200,3 млн. сомонӣ ё 21,8 дарсад зиёд мебошад. Инчунин, дар марҳилаи сипарӣ аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 44,1 млн. сомонӣ ва суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 6,5 млн. сомонӣ гузаронида шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин марҳила ба андозаи 106,2 дарсад ё ба маблағи 2662,5 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин дар қиёс бо нақша 155,2 млн. сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 23,5 дарсад ё 506,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 июли соли 2026 дар вилоят ба 259,9 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба аввали сол ба маблағи 0,6 млн. сомонӣ кам мебошад. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 295,9 млн. сомонӣ баробар шуд ва ин рақам нисбат ба аввали сол 2,6 млн. сомонӣ кам мебошад.
Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 75,1 млн.сомонӣ (25,4 дарсади маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 52,3 млн. сомонӣ (17,7 дарсад), андози иҷтимоӣ 52,1 млн. сомонӣ (17,6 дарсад), андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 21,1 млн. сомонӣ (7,0 дарсад) ва ғайра ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят барои нимсолаи якуми соли 2026-ум ба андозаи 98,7 дарсад иҷро гардида, барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои буҷетӣ 2 млрд. 535,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 32,4 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 511,8 млн. сомонӣ ё 25,3 дарсад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пурраю саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ таъмин гардида, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт ва аз ҳисоби пардохтҳои мазкур дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.
Давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллии вилоят барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш маҷмўан 2243,4 млн. сомонӣ равона гардид, ки ба 88,5 дарсади хароҷоти умумӣ баробар аст. Дар ин давра хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум ба маблағи 462,6 млн. сомонӣ ё 26,0 дарсад ва ҳиссааш дар хароҷоти умумӣ 0,5 дарсад афзуд.
Аз ҷумла, барои маблағгузории хароҷоти соҳаи маориф 1487,2 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки 98,7 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 19,6 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли гузашта 326,0 млн. сомонӣ ё 28,1 дарсад зиёд буда, ҳиссаи хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумӣ ба 58,6 дарсад баробар гардид.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ дар давраи ҳисоботӣ 615,4 млн. сомонӣ ё 99,0 дарсади нақшаро ташкил дод, ки он нисбатан ба нақшаи аниқшуда 6,2 млн. сомонӣ кам мебошад. Мавриди зикр аст, ки хароҷоти соҳа нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 127,3 млн. сомонӣ ё 26,1 дарсад афзуда, ҳиссаи он дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ 24,3 дарсадро ташкил дод.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи маблағгузорӣ аз буҷетҳои маҳаллии вилоят, бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 66,3 млн. сомонӣ ё 97,0 дарсад, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 16,6 млн. сомонӣ ё 99,5 дарсад, хоҷагии манзилию коммуналӣ 106,2 млн. сомонӣ ё 97,2 дарсад, соҳаи фарҳанг ва варзиш 124,1 млн. сомонӣ ё 99,0 дарсад, кишоварзӣ 16,8 млн. сомонӣ ё 99,6 дарсад, саноат ва сохтмон 6,5 млн. сомонӣ ё 98,4 дарсад, нақлиёт ва коммуникатсия 32,9 млн. сомонӣ ё 100,0 дарсад ва хароҷоти ғайра 46,5 ҳазор сомонӣ ё 99,6 дарсад таъмин гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2026-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 437,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 65,0 млн. сомонӣ, Деваштич 76,6 млн. сомонӣ, Зафаробод 34,6 млн. сомонӣ, Истиқлол 2,9 млн. сомонӣ, Исфара 59,6 млн. сомонӣ, Конибодом 39,8 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 26,9 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 25,3 млн. сомонӣ, Спитамен 35,9 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 43,0 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 28,2 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид, ки маҷмўан ин маблағҳо 21,1 дарсади хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.
Давоми моҳҳои январ-июни соли равон ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадории мақомоти маҳаллии молия оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмўъ 150,2 млн. сомонӣ ворид ва аз ин суратҳисобҳо ба маблағи умумии 129,9 млн. сомонӣ хароҷот ба амал бароварда шуд. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсус тибқи тартиби пешбинишуда ва меъёрҳои тасдиқшуда ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳиссаҷудокунӣ ба маблағи умумии 5,6 млн. сомонӣ гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 175 ташкилоту муассиса, аз ҷумла тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 19 ташкилот аудиту таҳлил гузаронда, ба маблағи умумии 2083,0 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 1111,7 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 251,8 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 202,0 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурўш ва иҷораи амволи давлатӣ 130,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 174,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозҳо 212,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 1326,4 ҳазор сомонӣ (63,7 дарсад) барқарор карда шуд, ки он ба пуррагӣ ба буҷет ворид шудааст.
Инчунин, зимни гузаронидани аудит камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 772,0 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 767,3 ҳазор сомонӣ (99,4 дарсад), аз он 763,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 4,2 ҳазор сомонӣ ба корхона, барқарор гардидааст.
Аз натиҷаи аудитҳои гузаронида 24 маводи аудит, ба маблағи умумии 1259,4 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 800,6 ҳазор сомонӣ (63,6 дарсад) барқарор гардида, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд