Форуми иқтисодию тиҷоратии “Тоҷикистон – Белорус” баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд форуми иқтисодию тиҷоратӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – Белорус” бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус доир гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Алексей Кушнаренко, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва соҳибкорони ду тараф иштирок намуданд. 

Ҳадафи асосии ин ҳамоиш густариши робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, рушди ҳамкориҳои саноативу молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои муштарак, баланд бардоштани гардиши мол ва дарёфти шарикони нав мебошад. Ҳайатҳои тиҷоратии ҳарду ҷониб масъалаҳои муҳими рушди робитаҳоро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш имкониятҳои ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, таъсиси коргоҳҳои муштараки коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи зарфиятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва рушди бахши сайёҳӣ муаррифӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорон ва соҳибкорон шароити мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Зиёда аз 100 намуди имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод гардида, шумораи корхонаҳои муштарак ва ҳаҷми табодули молу маҳсулот пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Дар поёни форум миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2027 ба имзо расид, ки заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодӣ хоҳад гардид.

Иштирокдорон баргузории ин ҳамоиши минтақавиро як қадами муҳиму муассир дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни вилояти Суғд ва вилояти Минск арзёбӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд