Давоми 9 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 20 миллиарду 360,7 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 113,5 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра ба миқдори 284,7 ҳазор тонна орд, 3493,6 тонна равғани растанӣ, 3976,7 тонна маҳсулоти макаронӣ, 33411,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 35196,7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14712,8 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 130 фоиз, равғани растанӣ 116,5 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 181,4 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 121,3 фоиз, консерваҳо 104,6 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 130,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба миқдори 1551,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 140 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят 1198 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1161 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст.