Бо амалӣ намудани чораҳои муассир ва барномаҳои соҳавӣ дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 37 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 900 адад ҷойи корӣ бо ҷалби 53 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 297 адад расонида шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 282,0 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 112,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор 300,8 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 110 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 634,7 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,6 млн. сомонӣ зиёд гаштааст.