Беш аз 200 корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ маҳсулоти худро дар даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба намоиш гузоштанд.
Дар қатори дигар корхонаҳо маҳсулоти истеҳсоли ширкати "Арча" низ ба меҳмонони намоишгоҳ муаррифӣ шуд. Аснои боздиди меҳмонон аз растаи ширкат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар корхона 400 намуди мебелҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Дар айни замон ширкат илова бар таъмини бозори дохилӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти худро ташкил кардааст. Зеро тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур яке аз ҳадафҳои масъулини корхона мебошад.
Бояд қайд намуд, ки корхонаи муштараки «Арча-мебел» соли 2018 бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва турк таъсис дода шуда, дар он истеҳсоли мебелҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.