Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти азнавсозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») шинос гардид.
Корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи содиротии мамлакат, то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ дубора ба кор андохта мешавад.
Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи муосири истеҳсоли кишварҳои аврупоӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад.
Айни ҳол корҳои омодагӣ ҷараён дошта, муассисон тасмим доранд, ки дар марҳилаи аввал коркарди то 6000 тонна пахтаро ба роҳ монанд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз тадбирандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат ёдовар шуда, фаъолсозии корхонаро ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ ва дар ниҳоят баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон саривақтӣ арзёбӣ кард.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои татбиқи лоиҳа ва васлу насби таҷҳизоти замонавӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд