12 январи соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2023 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ҳамчунин муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, раёсати кишоварзӣ, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони кумитаи идораи замин ва директорони корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамоти муҳоҷират, менеҷерҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ доир шуд.
Раиси вилоят нахуст иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Баҳри бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳо, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор доданд.
Ҷамбасти соли 2023 собит менамояд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ ва суръати рушд дар вилоят таъмин гардид.
Дар соли 2023 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақаҳо – маҷмўи маҳсулоти дохилаи вилоят ба 35,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 108,3 фоиз расонида шуда, ҳиссаи он дар сохтори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ба 26,9 фоиз таъмин гардид.
Сипас, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2023 гузориш дод. Қайд карда шуд, ки дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Соли 2023 1,3 млн. тонна семент ва 1,4 млн. тонна ангишт истеҳсол шуд.
Инчунин соли гузашта ба миқдори 298,1 ҳазор тонна орд, 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ, наздик 60 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ, 36,3 млн. қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14,5 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд 108,6 фоиз, равғани растанӣ 109,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 113,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 147,4 фоиз, консерваҳо 120,0 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 134,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, 269 корхонаву коргоҳи нав бо 2455 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18,5 млрд. сомонӣ расониданд, ки ба 115,1 фоизи соли 2022 баробар мебошад.
Дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 600 ҳазор тонна картошка, 649,1 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 187,3 ҳазор тонна пиёз, 222,5 ҳазор тонна мевагӣ, 157,2 ҳазор тонна зардолу, 38,8 ҳазор тонна себ, 51,3 ҳазор тонна ангур ва 221,8 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2022 истеҳсоли картошка 37,1 ҳазор тонна, сабзавот 40,5 ҳазор тонна, пиёз 29,8 ҳазор тонна, полезиҳо 73,2 ҳазор тонна, мевагиҳо 98,0 ҳазор тонна, зардолу 101,3 ҳазор тонна ва себ 414,1 тонна зиёд гардид.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар соли 2023 ба 17,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 108,6 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 4,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 101,6 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2,7 млрд. доллари амрикоӣ расонида шудааст, ки аз он ҳаҷми воридот 2 млрд 37,6 млн. доллар ва содирот 756,7 млн. доллар ташкил медиҳад.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 194,2 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, ба маблағи 124,2 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 70,0 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2023 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4262,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 195,7 млн. сомонӣ зиёд аст.
Соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 2872,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид ва барзиёдиҷрошавӣ 102,6 млн. сомониро ташкил дода, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103,7 фоиз таъмин карда шуд.
Чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1369,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ 670,0 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 28,6 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш 253,8 млн. сомонӣ, дар маҷмўъ, 2322,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид.
Дар соли 2023 дар вилоят 49 иншооти соҳаи маориф бо 9315 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 284 синфхона бо 8520 ҷойи нишаст, 2 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 795 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 74 иншооти варзишӣ, аз ин 16 толори варзишӣ, 1 корти теннис, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 56 майдончаи варзишӣ ба маблағи умумии зиёда аз 35 млн. сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят барои таъмини рушди соҳаи саноат, иҷрои нақшаи бунёди корхонаҳои нав, таъмини нақшаи андозҳо, ҷамъоварии маблағи қувваи барқ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, вайроншавии оилаҳо, таъмини рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди иншооти варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бозори истеъмолӣ бо маҳсулот, зиёд намудани истеҳсоли гӯшти паранда ва моҳӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, истифодаи оқилонаи замин, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои истиқболи шоистаи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд