18 июни соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор шуд.
Дар маросим Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳамзамон, вилоят бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро густариш дода, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноативу кишоварзиро сол ба сол афзоиш медиҳад.
Ба иштирокдорони намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори соҳаҳои саноат ва кишоварзии вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Зимни боздид аз намоишгоҳ меҳмонон бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят шинос шуда, ба сифат ва гуногунрангии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








