Даврон Зоҳидзода

Муовини Раиси вилоят

Иттилоот барои робита:

Тел: (3422) 4-66-22

Даврон Зоҳидзода 18 июни соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Солҳои 1993 ва 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисосҳои фанни информатика ва техникаи ҳисоббарор, иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1993-1996 ҳамчун омӯзгори фанҳои техникии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз бахшида, сипас, солҳои 1996-2001 дар вазифаҳои раиси Маркази ташаббуси ҷавонони “Иттифоқ”-и шаҳри Хуҷанд, 2001-2003 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, 2003-2004 муовини аввали роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2004-2006 роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд, 2006-2011 раиси ноҳияи Ашт, 2011-2013 раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, 2013-2016 раиси шаҳри Исфара, 2017 -2020 муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи январи соли 2022 раиси шаҳри Истиқлол буд.