Муовини Раиси вилоят оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ
Иттилоот барои робита:
Тел: (3422) 4-66-44
Азимӣ Зайнура Оқилзода 13 ноябри соли 1972 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз намуда, солҳои 2008-2015 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 буд.
Аз 6 июни соли 2017 то июли 2019 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент кор кардааст.
Аз моҳи июли соли 2019 дар мансаби муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.