Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола 9 декабр дар қаламрави кишвар Рӯзи геологҳо ҷашн гирифта мешавад. Кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, муваффақияти кору рӯзгоратонро таманно дорам.
Зикр кардан бамаврид аст, ки иди касбиро кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон буда, геологҳо дар истифодаи захираҳои мавҷуда нақши муассир доранд. Сарзамини моро сарватҳои табииаш шӯҳратёр гардонидааст ва мардум дар ҳама давру замон онҳоро ба манфиати давлат ва беҳдошти зиндагии хеш истифода мебарад.