Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, хушбахтиву сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Оила-сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад. 

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Шашмақом

Миллати тоҷик аз қадимулайём барои такомул ва ғаномандии илму адабиёт, санъату ҳунар ва мусиқӣ дар маҷмуъ, ҷиҳати равнақи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштааст. Намунаи барҷастаи чунин навъи санъати сарояндагиву навозандагии суннатии ниёгони мо «Шашмақом» мебошад, ки ҳанўз аз даврони дури таърих ташаккул ёфта, ба унвони санъати нафиса шўҳрат доштааст. Мутрибу сарояндаи номӣ Паҳлабад, ки баъдтар дар сарчашмаҳо бо номи Борбад ҳам зикр шудааст, тавонист, ки дар замони Сосониён бо номи умумии «Хусравонӣ» сӣ лаҳну оҳангро барои сӣ рўзи як моҳ ба вуҷуд оварда, навъҳои мусиқиро аз рўйи мавзўъ дастабандӣ намояд. Минбаъд вобаста ба авзои сиёсиву фарҳангӣ ин суруду оҳангҳо тағйир ёфта бошанд ҳам, вале руҳу сиришти зебоипарастии тоҷиконро инъикос менамуданд.

Бо талошҳову раҳнамоиҳои фарзандони хирадманди миллат, Қаҳрамонони Тоҷикистон, алломагон Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва як зумра устодони санъат суруду оҳангҳои «Шашмақом» ба нота гирифта шуданд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли равон ба пирӯзии бузурги халқҳои сулҳпарвару тараққихоҳи олам бар фашизми гитлерӣ 80 сол пур мешавад. 

Ба муносибати ин санаи фаромӯшнопазири таърих иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми сарбаланди вилоятро сидқан табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвари азизамон оромию осудагӣ, хушбахтӣ ва ба Ватани маҳбубамон фазои орому осуда таманно менамоям.

Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар таърихи инсоният яке аз фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб меравад, бо оқибатҳои даҳшатбори худ то имрӯз дар ҷисму ҷони халқҳои гуногуни олам доғи носутурданӣ гузоштааст.