
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрику таҳният менамоям.
Боиси хурсандист, ки ин санаи муҳимро кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошт ва мардум онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурд.
Бо дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлоли давлатии кишвар геология ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил ёфт. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин соҳаро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуда, ҷиҳати пешрафт ва рушду нумўи он чораҳои судманд меандешанд.




