Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Соли равон аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардида, ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист асос гузошт, 50 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, фарорасии Рӯзи байналмилалии муҳити зистро барои кормандони соҳа, муҳофизону дӯстдорони табиат ва кулли мардуми сарбаланди вилоят самимона шодбош гуфта, ба ҳамагон хотирҷамъӣ, осмони софу беғубор ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Дар кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию тарбиявӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист тадбирҳои муассир андешида шуда, ба масъалаҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, покизагии муҳит ва таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар замони муосир масъалаи ҳифзи муҳити атроф, сарватҳои табиӣ, об, ҷангал, ҳаво ва дар маҷмӯъ ҳифзи сайёраи Замин ба яке аз муҳимтарин масоили глобалӣ табдил ёфтааст, зеро инсон бо муносибати нодурусти худ на танҳо ба табиат, балки ба олами набототу ҳайвонот низ зиёни ҷуброннопазир ворид намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мушкилоти ҷиддии замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Инсоният ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ — Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд».

Боиси таъкид аст, ки таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза, поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити атроф, дарёфти роҳҳои ҳалли норасоии об дар сайёра талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад.

Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чор ташаббуси ҷаҳонӣ ва ҳашт қатъномаро вобаста ба масъалаҳои болозикр қабул кард, ҳамчунин кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид. Яъне, тамоми тадбир ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад, бо мақсади таъмини ояндаи шукуфону ободи ҷомеа ва амнияти экологӣ амалӣ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо раёсати ҳифзи муҳити зист, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо барои пешрафти соҳа ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии табақаҳои гуногуни ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд.

Итминони комил дорам, ки сокинони вилоят табиати нотакрору биҳиштосои Ватани азизамонро ҳифз намуда, ба ин васила дар беҳдошти муҳити зист мавқеи фаъоли шаҳрвандии хешро нишон медиҳанд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, кормандони соҳа ва тамоми дӯстдорони табиати вилоятро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист табрику муборакбод гуфта, дар идомаи иқдомҳои наҷиб пирӯзиву муваффақият ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу менамоям.