Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст. Бо назардошти чунин муҳимият дар саросари дунё рӯзи 1-уми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ҳамаи кӯдакони вилоятро бо фарорасии Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло таманно дорам.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан сӣ фисади аҳолиро кӯдакон ташкил менамоянд ва боиси зикр аст, ки онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон пайваста ғамхорӣ, бахусус ба бачагони ятиму бепарастор, дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳам тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад. Алҳол дар қаламрави вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебарад, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 450 нафар ятими кулл умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд.
Барои сохтмону азнавсозӣ, таъмири бинои мактабҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои соҳаи маориф эътибори махсус дода мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандўзии хонандагон ва рў овардани онҳо ба омўзиши касбу ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бунёди иншооти соҳаи маориф дар вилоят вусъати тоза касб намуда, тайи панҷ соли охир 202 иншооти соҳа барои 38102 нафар ҷой қомат афрохт. Қобили зикр аст, ки соли таҳсили 2021-2022 бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даври якуми олимпиада дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва даври дуюм дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наврасони лаёқатмандро минбаъд низ дар ҳама ҷода дастгирӣ мекунад ва барои рушди истеъдодашон шароити мусоид фароҳам меоварад.
Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки Шумо хазинаи ояндабахши фардои зиндагӣ ҳастед. Ҷомеа аз насли наврас умедҳои калон дорад, Шумо бояд хубу аъло хонед ва ахлоқи намунавӣ дошта бошед. Барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандўсту худшинос, чун ворисони арзанда ба камол расед. Миллат, забон ва Ватани худро дўст доред ва бо он ифтихор дошта бошед.
Дар ин рўзи муборак кулли кўдакони вилоятро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дигарбора шодбош гуфта, орзу мекунам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш бошед!