Дӯстони гиромӣ!
Ҳамасола якшанбеи охирини моҳи май кормандони соҳаи кимиё Иди касбиашонро таҷлил намуда, ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Имсол Иди касбии кормандони меҳнатдўсту мушкилнописанди соҳа дар партави омодагиҳо ба ҷашнҳои фархундаи миллиамон -25-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукўҳу шаҳомати нав пайдо мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кимиёро яке аз ҷабҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, ҳамзамон, нақши онро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар назаррас арзёбӣ намудаанд. Зеро дар замони муосир инсон наметавонад рўзгору ҳаёташро бидуни дастовардҳои илму техника, хусусан, бе навгониҳои илми кимиё пеш барад.
Имсол кормандони соҳа иди касбии худро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин ифодагари ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Дар вилоят мавқеи соҳаи кимиё дар иқтисодиёт назаррас буда, истеҳсолоти пуриқтидори маҳсулоти кимиёвӣ арзи ҳастӣ дорад. Олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода бурда, ба фаъолияти муназзами дигар ташкилоту корхонаҳо ва ба ин васила, барои рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Итминони комил дорам, ки кимиёгарони вилоят минбаъд низ шўҳрату нуфузи соҳаро марҳала ба марҳала баланд бардошта, баҳри ободии Ватан ва рўзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлол хизмати софдилона мекунанд.
Кулли кимиёгарони вилоятро бо Иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ид муборак, дўстони азиз!