Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намуда, кафили баробарҳуқуқии шахс, озодӣ, дӯстии тамоми халқу миллатҳо мебошад, ба кулли сокинони шарафманди вилоят табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям. 

Ин санади муҳими тақдирсози миллат 6-уми ноябри соли 1994  дар марҳалаи душвор ва барои миллат тақдирсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, имконият фароҳам овард, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу субот барқарор шуда, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънивиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври равшан нишон дода шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҷашн гирифтани ин санаи муҳим эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосию сарнавиштсози давлат мебошад, ки барои рушду инкишофи кишвари маҳбубамон заминаи қавӣ гузошт. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии давлат  шароити мусоид муҳайё гардид”.

Ба шарофати қабул гардидани ин санади муайянкунандаи имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли муаммову мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.

Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, мо бояд ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Бо чунин таманниёт, бори дигар, сокинони шарафманди вилоятро ба ифтихори Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор орзу менамоям.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак!