
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷузъи муҳими фарҳанги кишвари маҳбуби мо ба шумор рафта, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Забон ҳамчун унсури муҳимтарини ҳастии миллат, воситаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар тӯли таърихи пуршебу фарози халқамон аз озмоишҳои сахту сангин гузашта, асолату пойдории худро ҳифз намудааст. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллат ва забони шеъри оламшумули Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Мавлавиву Ҷомӣ ва дигар бузургони илму адаби мо мебошад. Миллати тоҷикро дар ақсои олам пеш аз ҳама, бо фарҳанги воло, адабиёти ғанӣ, шеъри ноб ва забони зебову шоиронааш мешиносанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид менамоянд:"Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст".
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушду густариши забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар ҳаёти ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими давлату Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифз, рушд ва таҳкими мақоми забони давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз забони давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, низоми қонунгузорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, илму маориф, фарҳанг, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, рушди босуръати ҷомеа моро водор месозад, ки барои покизагӣ, ғановати луғавӣ, риояи меъёрҳои забони ададбӣ ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳо масъулияти бештар эҳсос намоем.
Забони модарӣ сарвати бебаҳои маънавии ҳар миллат аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем, барои рушди пайвастаи он саҳм гузорем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боз ҳам баланд бардорем ва ҳамчун омили муҳими худшиносии миллӣ гиромӣ дорем.
Итминони комил дорам, ки таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангии миллат ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар заминаи муҳим фароҳам меорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи сокинони сарбаланди вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватани маҳбубамон саодату хушбахтӣ, файзу баракат ва Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!




