
Устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Омӯзгорӣ кори пуршараф буда, дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши муассири омӯзгорон дар тарбияи наслҳои ояндасоз баҳои сазовор дода, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд».
Воқеан ҳам, омӯзгор дар ҷомеа соҳиби мавқеи хоса буда, имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Ҳар яки мо кулли дастовардҳои худро аз шарофати насиҳату раҳнамоии муаллимони соҳибзаковати худ медонем. Маҳз бо ҳидояти устоду омӯзгор мо соҳиби донишу маърифат, касбу ҳунар, маданияти баланди инсонӣ гашта, таҷрибаи бузурги онҳоро ҳамарӯза дар зиндагӣ истифода мебарем.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ омӯзгорони кишварамон рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Дар навбати худ, давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиҳати зина ба зина беҳтар намудани заминаҳои моддӣ- техникӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароити хубу самарабахш ва пешбурди кори таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабул ва дар амал татбиқ менамояд. Пайваста зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон, ғамхорӣ барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонӣ омӯзгоронро барои шарафёб гардидан ба натиҷаҳои фаъолият рӯҳбаланд мегардонад. Дар ин замина, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ки мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолати иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд, дар таҳкими мақоми омӯзгорон дар ҷомеа нақши муҳим мегузорад.
Итминони комил дорам, ки омӯзгорон чун нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз шароитҳои мусоиди барояшон фароҳамомада боз ҳам самараноктар истифода карда, бо тарбияи наслҳои ояндасоз дар пойдоии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, худшиносии миллӣ ва рушди шукуфоии кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Бори дигар, кулли маорифчиёни вилоят, собиқадорони соҳа, устодону омӯзгоронро бо иди касбашон самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон барору комёбиҳо орзу менамоям.




