Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони тиб

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 18-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад.

Боиси хурсандист, ки имсол иди касбии кормандони соҳа ба арафаи ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пурмасъулият комёбиҳои назаррас орзу менамоям.
Таҷлили Рӯзи кормандони тиб бо номи алломаи Машриқзамин, донишманди бузурги тоҷик, Абӯалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад. Зеро фарзандони донишманди миллати тоҷик, аз ҷумла Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар бузургони илму маърифат, бо осори арзишманди хеш дар ташаккул ва рушди илми тиб саҳми бузург гузошта, ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд.
Боиси ифтихор аст, ки соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба имзо расид, ки дар самти муаррифии дастовардҳои илми тибби тоҷик ва номи ин фарзанди барӯманди халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад. Иқдоми мазкур барои ҳавасманд гардонидани олимону донишмандони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварда, бори дигар аз таърихи дерина ва саҳми арзандаи илми тибби тоҷик дар рушди тибби ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки мақому манзалати табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баланд бардошта шуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи замон таъмин гардад.
Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии вилоят 5 ҳазору 499 нафар духтур, 18 ҳазору 997 нафар корманди миёнаи тиббӣ ва садҳо нафар кормандони ёрирасон содиқона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Онҳо ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ буда, бо донишу малакаи касбӣ ва истеъдоди фитрии хеш дар рушди соҳаи тандурустӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят, олимону донишмандони соҳаи тиб дар соли таърихии омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъмини ояндаи солими ҷомеа фаъолияти пурсамар хоҳанд дошт.
Бо чунин орзуву ниятҳои нек, табибони ҳозиқ, кормандони соҳаи тиб ва қули собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, умри дароз, бахту саодати бепоён, файзу баракати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати пуршарафи касбӣ комёбиҳои назаррас орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, шифокорони азиз!