Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Сокинони шарафманди вилоятро бо 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва сарчашмаи асосии рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад, сидқан шодбош мегӯям.

Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯйдоди фараҳбахши ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вобастагии мустақим дорад, зеро дар таърихи давлатдориамон ин санад паёмовари ба поён расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози давраи нави иттиҳоду ҳамбастагӣ ва муттаҳидии миллат ба ҳисоб меравад.
Тайи ин солҳо сокинони кишвари азизамон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ карда, хуб дарк намуданд, ки ин падидаи нодир асоси саодати мардум ва зербинои пешрафту ободии Ватани азизамон мебошад.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кори давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд».
Бисёр рамзист, ки имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» таҷлил гардида, моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро ба он равона созем, ки ин ҷашни ҳумоюн ва муқаддасу бузурги милламонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирем. Зеро маҳз аз баракати сулҳу оромӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои пешрафти босуботи кишвар дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ амалӣ гардида, Тоҷикистони маҳбубамон бо муттаҳидӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи халқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфуз пайдо намудааст.
Мо бояд шароити бӯҳрониву муташанниҷи ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ки миллати тоҷикро ба вартаи парокандагӣ рӯбарӯ карда буд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем ва бо шукргузорӣ аз Ватани орому осуда барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста талош намоем.
Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ ҳамеша парчами истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагиро баланд мебардоранд ва бо нерӯи азими созандаи хеш фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!