Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳити зист

Ба ифтихори фарорасии Рўзи байналмилалии муҳити зист, ки ҳамасола 5-уми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, тамоми кормандони соҳа ва сокинони шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, осмони софу беғубор ва ба Ватани азизамон Тоҷикистон сарсабзию шукуфоӣ орзу менамоям.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар аксари кишварҳои дунё ба масъалаҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла поку беолоиш нигоҳ доштани муҳит, ҳифзу ҳимоя намудани сарватҳои табиӣ ва дар маҷмуъ, таъмини амнияти экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро дар шароити ҷаҳони муосир масъалаҳои рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, ифлосшавии муҳити зист, коҳиш ёфтани захираҳои табиӣ ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба табиат дар замони муосир на танҳо мушкилоти экологӣ, балки омили ҷиддии таҳдид ба рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти миллӣ ва рушди дарозмуддати кишвар арзёбӣ гардид, зеро баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки ҷомеа нисбат ба табиат муносибати худро тағйир дода, аз истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ пешгирӣ намояд ва муҳити зистро барои наслҳои оянда ҳифз намояд.
Қобили зикр аст, ки ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ омили муҳимтарини беҳдошти некўаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар миқёси байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор таваҷҷуҳи асосиро ба ҳалли масоили об ва иқлим равона кардааст.
Дар иртибот бо ин, рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва ќатънома дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Пазируфтани ин ва дигар ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб рафта, ифтихори тамоми мардуми тољик мебошад.
Соли 2026 барои мардуми сарбаланди Тољикистон соли таърихӣ – соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори ин ҷашни бузург корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтааст.
Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо ва махсусан масъулини соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоятро зарур аст, ки ба масъалаи нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо ин роҳ дар сарсабзию шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.
Бори дигар, ба ифтихори Рўзи байналмилалии муҳити зист тамоми кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист, кулли дўстдорони табиат, коршиносон, мутахассисон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику таҳният гуфта, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор, комёбиву барори кор ва зиндагии шоиставу пурнишот орзу менамоям.