Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Рўзи ҷавононии Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо -ҷавонони азиз табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, комгориву тавфиқ ва дар омўзиши илму маърифат ва анҷоми корномаҳои бузург талошҳои муваффақона таманно мекунам.

Рамзи саодат ва боиси ифтихор аст, ки имсол таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар соли таҷлили бошукўҳи ҷашни бузург ва фархундаи миллат - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сўи пешрафтҳои навин қадам мегузорад ва низомҳои тозатарин ба идоракуни ҷаҳони муосир ворид мешаванд. Аз ин рӯ, масъалаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Шумо намояндагони насли ҷавони кишвар воқеан хушбахту соҳибиқбол ҳастед, ки имрўз муҳимтарин иқдом ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат барои дастгирӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ, фарогирии донишҳои ҷаҳони муосир ва камолоти шумо ҳамчун ҷавонони ҷавобгў ба талаботи низоми муосири ҷаҳон равона шудаанд. Ба ин хотир, Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамояд, ки ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар идома ва истиқбол аз иқдомоти Президенти мамлакат дар ҷодаи дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барои ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Баргузории рӯзҳои ҷавонӣ дар қаламрави вилоят, пеш аз ҳама имконият фароҳам меоварад, ки дар давоми ин фурсати матлуб ҷавонони вилоят аз муҳимтарин барномаҳои ҷолиби сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бархурдор гардида, бори дигар таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукуматро нисбат ба худ дарку эҳсос намоянд. Вобаста ба ин, дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ мегарданд, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав, яъне ҷавонони соҳибистъедод, ватандўст ва худшиносу худогоҳ мусоидат менамоянд. Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят шумораи зиёди ҷавонони болаёқат таҳсил доранд ва бо итминон гуфта метавонем, ки ҳамаи онҳо пас аз хатми донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳо ҳамчун мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Боварии комил дорам, ки Шумо, ҷавонони соҳибназару ватандўст чун ворисони арзандаи ниёкони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзиш барои афзудани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми муносиб хоҳед гузошт.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳар яки Шумо ҷавонони соҳибназару бомаърифат, эљодкору ташаббускор, бомаҳорату ватандўст самимона муборакбод гуфта, бароятон тамоми хушиҳои рўзгор, бахту иқболи накў ва дар роҳи касби илму маърифат ва хидмат ба халқу Ватан муваффақиятҳои бепоён орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!