
Ҳамдиёрони азиз, аҳли илму фарҳанг, ҳунармандони гиромӣ ва дӯстдорони санъати волои миллӣ!
Бо эҳсоси ифтихори баланд ва арҷгузорӣ ба арзишҳои нодири фарҳанги миллӣ шумоёнро ба муносибати Рӯзи Шашмақом — яке аз бузургтарин дастовардҳои маънавии миллати куҳанбунёди тоҷик самимона табрику таҳният менамоям.
Шашмақом ҳамчун падидаи нодири ҳунари мусиқии классикии тоҷик, ки решаҳои он ба умқи таърих рафта мерасад, дар тӯли асрҳо ҳамчун ойинаи равшани тафаккур, ҷаҳонбинӣ, завқи баланд ва зеҳни эҷодии ниёгони мо хизмат намудааст. Ин мероси беназир на танҳо маҷмуи оҳангу наво, балки таҷассумгари фалсафаи зиндагӣ, ахлоқи ҳамида, эҳсоси баланди зебоипарастӣ ва ҷаҳоншиносии мардуми тоҷик мебошад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки шашмақом ҳамчун шоҳасари фарҳанги башарӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии инсоният ЮНЕСКО ворид гардида, эътирофи ҷаҳонӣ касб намуд. Ин дастоварди басо арзишманд гувоҳи равшани баҳои баланди фарҳанги миллӣ ва саҳми шоистаи миллати тоҷик дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки шашмақом ҳамчун сарвати бебаҳои маънавӣ ва рукни муҳими худшиносии миллӣ бояд ҳифз, омӯзиш ва тарғиб карда шавад. Маҳз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имрӯз барои эҳё ва рушди санъати миллӣ, аз ҷумла шашмақом, тамоми заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар вилояти Суғд, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад, барои рушди шашмақом тадбирҳои муҳиму судманд амалӣ карда мешаванд.
Боиси хушнудист, ки рӯзҳои 10–12 майи соли 2026 дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни байналмилалии шашмақом таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ на танҳо саҳнаи муаррифии ҳунари волои сарояндагон ва навозандагони ватаниву хориҷӣ мебошад, балки минбари мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва густариши шинохти шашмақом дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Бигзор ин мероси гаронбаҳои ниёгон ҳамеша поянда бошад ва дар фазои фарҳангии Тоҷикистони азизамон садо диҳад, руҳияи созандагию эҷодкориро таҳким бахшида, барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи роҳнамо хизмат намояд.
Рузи Шашмақом, ки яке аз дастовардҳои нодири ҳунари мусиқӣ маҳсуб мешавад, ба кулли ҳаводоронаш муборак бошад!




