Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи модар

Модарону бонувони арҷманд!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфта, саломативу сарбаландӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно менамоям.
Боиси таъкид аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, барои баланд бардоштани мақоми занон ва бонувону духтарони лаёқатманд мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Дар ин бора, дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат дар робита ба нақши занон, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».

Воқеан ҳам, модарону бонувон ганҷинаи бебаҳо мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо равона месозанд.
Дар баробари ин, занону модарон дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин восита дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми шоиста мегузоранд.
Бо дарназардошти нақши офарандаву созандаи занону модарон давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Дар ин раванд бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҷиҳати аз ҳисоби занону духтарони болаёқат то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Бовар дорам, ки занону бонувони вилоят минбаъд низ бо риоя ва ҳифзи расму ойин ва суннату анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ, пӯшидани либосҳои миллӣ, муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва пешгирии исрофкориву зиёдаравӣ дар таъмини суботу оромӣ, ваҳдату муттаҳидӣ ва рушди шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол талоши бештар хоҳанд кард.
Бори дигар, Шумо – модарону бонувони арҷмандро ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи модар самимона табрику таҳният мегӯям.
Рӯзи модар муборак, модарону хоҳарони азиз!