Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони сарбаланди вилоят аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги созанда ба хотири рушду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.  

Ин санаи фархунда ҳамасола дар рўзи баргузории Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зеро талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма гирифтааст. 

Аз ин лиҳоз, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандўсти Тоҷикистони азиз дар баробари санаҳои ҳумоюни таърихи миллат азизу муътабар буда, эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешгирӣ намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот, сарҷамъу муттаҳид намудани халқу миллат, таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту муваффақиятҳо ба ҳисоб меравад. 

Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ низ шоистаи таъкид мебошад. Зеро бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим пазируфта шуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сарзамини фарҳангу тамаддуни бузург муаррифӣ намуд. 

Мо аз он ифтихор менамоем, ки ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва хидматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони ободу озод дар роҳи рушди дарозмуддат бо қадамҳои устувор ва бо боварӣ пеш рафта истодааст. Тамоми муваффақиятҳои бузурге, ки кишвари азизамон дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба даст оварда истодааст, натиҷаи сиёсати дурбинона ва босамари Президенти маҳбуби давлатамон мебошад.

Дар ин марҳалаи таърихӣ ва шароити ҳассоси сиёсати ҷаҳонӣ мо сокини вилоятро зарур аст, ки бо садоқату ихлос ба ғояҳои бузурги давлату миллат ба қадри давлатдории навин, заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат дар роҳи бунёди Тоҷикистони ободу озод расида, барои баланд бардоштани худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии аҳли ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат талош намоем. 

Бори дигар, кулли сокинони вилоятро бо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, саодату сарбаландӣ орзу менамоям. 

Бигузор, ба бахти мардуми тоҷик ва миллати сарбаланди мо, Пешвои муаззами миллат ҳамеша комгору муваффақ бошанд ва аз баракоти раҳнамоиҳояшон Тоҷикистони азиз сарсабзу шукуфон бошад! 

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!