Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи соҳибкорон

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, ҳамаи соҳибкорони вилоятро бо иди касбӣ самимона таҳният гуфта, саломатӣ, дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки соҳибкорони бонангу номуси мамлакат ташаббусҳои давлату Ҳукуматро дилгармона дастгирӣ менамоянд ва ба ин восита дар анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва хайру савоб саҳми бузург мегузоранд.

Дар навбати худ давлату Ҳукумати мамлакат низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгори фаъолият барои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад. Ин тадбир баёнгари он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иқдомҳои соҳибкоронро дастгирӣ намуда, баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ чораҳои заруриро андешида истодааст.

Маҳз заҳмату талошҳои ҳамарўзаи соҳибкорони вилоят дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ба рақобат тобовар, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо истифода аз технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот имконият фароҳам оварда истодааст, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, шароити зисту зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад.

Аз азму талошҳои шоистаи соҳибкорони ватандўст ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят марҳила ба марҳила афзуда, бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани коргоҳҳои нави замонавӣ тақвият ёфта истодааст.  

Боварии комил дорем, ки соҳибкорони ватандўст барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзанд ва бо ин восита баҳри ободонии кишвари азизамон саҳми шоистаи хешро мегузоранд.

Дар ин раванд ба ҳамаи соҳибкорони вилоят саломатӣ, иродаи мустаҳкам ва амалишавии нақшаю ниятҳои нек муваффақиятҳо орзу менамоям.

Рўзи соҳибкорон муборак!