Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол

Варзиш яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни инсонҳо, ҳамзамон муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зеро футбол дар байни аҳли ҷомеа аз маъмултарин дӯстдоштатарин намуди варзиш буда, барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, аз ҷумла наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: "Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем".

Шоистаи ифтихор ва сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид тибқи пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро дар бораи Рўзи ҷаҳонии футбол қабул намуд. Ин ташаббус, ки дар таърихи футболи ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Маҳз ҳамин эътибору таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар буд, ки Тоҷикистон дар масъалаи рушди футбол пайваста ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст.

Дар кишварамон барои оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишгарон ва ба ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ "Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026" қабул гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчун яке аз ҳамоҳангсозони барномаи мазкур дар татбиқи амалии он нақши муҳим мегузорад.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 215 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 варзишгоҳ, 210 майдончаи варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Давоми солҳои 2020-2024 ва 5 моҳи соли 2025 бошад, барои бунёди иншоотҳои варзишии азиме, ки барои рушди футбол равона шудааст, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он наздик 50 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти хурду бузурги варзишӣ ба нақша гирифта шуда, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо оммавияти варзиш, тарғиби тарзи солими ҳаёт ва рушди варзиш таъмин карда мешавад.

Ба ин маънӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо таваҷҷуҳ ба рушди варзиш баҳри баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳо андешида, барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҳаёти солим байни оммаи васеи сокинон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Дар ин рӯзи хотирмон, бори дигар, футболбозони касбӣ, мураббиён, доварон ва мухлисону дӯстдорони футболро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният гуфта, саломатии бардавом, дастоварду муваффақиятҳои беназир ва пирӯзиҳои нав ба нав таманно менамоям.

Бигзор, бо музаффариятҳои пайваста дар майдонҳои футбол Парчами кишварамон дар майдону толорҳои ҷаҳонӣ ҳамеша парафшон бошад!