
Ҳамаи шумо, ҷавонони далеру шуҷоъ, ватандӯст ва худшиносу худогоҳро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии ҷавонон дастгирии насли ояндасози миллатро самти меҳварии фаъолият қарор дода, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора чунин таъкид намудаанд:
“Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои бунёдкорона ва ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат барои ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шуданд, то ки илму ҳунар омӯзанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол бошанд ва ба ин восита дар рушди Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Мо ифтихор мекунем, ки ҷавонони Тоҷикистони маҳбубамон ва аз ҷумла ҷавонони вилоят дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа – илму маориф, фарҳанг, варзиш, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ фаъолонаву сарбаландона ширкат варзида, бо дастовардҳои шоиста парчамбардори воқеии Ватани худ буданашонро исбот менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Бунёди иншооти иҷтимоиву варзишӣ ба хотири таблиғи тарзи ҳаёти солим, татбиқи имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, ҷудо намудани грантҳо, таъсиси стипендияи Раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷудо кардани мукофотпулиҳо барои варзишгарони муваффақ, мукофотонидани ҷавононе, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мегарданд, номгӯи бархе аз тадбирҳо мебошанд, ки бо мақсади таҳким ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа пайваста амалӣ карда мешаванд.
Дар баробари ин, бо назардошти вазъи пуртазоду ноороми ҷаҳони имрӯза ҷавонони кишварро зарур аст, ки аз дигаргуниҳои босуръати олам ҳамеша огоҳ бошанд, худро аз таъсири афкори ифротӣ ва хурофотпарастона эҳтиёт кунанд ва ончунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, “барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони бонангу номус минбаъд низ ҳамчун қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори шоистаи насли калонсол бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ дар рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва ободу пешрафта гардонидани он саҳми арзандаи худро мегузоред.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!




