Иди саиди Фитрро ба сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанони азиз саломативу сарбаландӣ, файзу баракати рӯзгор ва дастархони пур аз нозу неъмат таманно менамоям.
Сокинони вилоят мисли тамоми мардуми кишвари азизамон дар муддати моҳи Рамазон, ки моҳи парҳезгориву эҳсон, хайру саховат, инсондӯстӣ, бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва поксозии зоҳиру ботин мебошад, суннату анъанаи гузаштагонро идома дода, бо амалҳои хайру саховат, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандон, беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда рисолати инсонӣ ва фазилатҳои моҳи шарифро ба ҷо оварданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар мавриди фалсафаи моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд: “Ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад".
Мо шукргузор ҳастем, ки таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз баракати истиқлоли давлатӣ дар Ватани маҳбубамон тамоми шароитҳо муҳайё гардида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба дастоварду пешрафтҳои арзанда ноил гардида истодаем. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию ободонӣ, аз қабили бунёди боғу токзор, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, таъмиру тармими мактабу кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ, беморхона, китобхона, роҳу пулҳо вусъати тоза гирифта, таваҷҷуҳ ба сарфакорона истифода бурдани замин ва рӯёндани ҳосили фаровон зиёд гардид. Ташаббусҳои инсондӯстона, иқдомҳои шаҳрвандон ва соҳибкорони ватандӯстамон қобили таҳсин ва шоистаи дастгирӣ буда, бешубҳа барои ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза мо бояд ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар байни аҳли ҷомеа рӯҳияи инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва ваҳдату ҳамбастагиро тарғибу ташвиқ намоем. Ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпараст ва бахусус падару модаронро зарур аст, ки дар тарбияи маънавии фарзандони соҳибкасб, бомаърифат ва ба миллату давлат содиқ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо ҳамчун ворисони арзандаи ин сарзамини аҷдодӣ бо иродаи қавӣ обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, саодати рӯзгор, хотири ҷамъ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон рушду шукуфоӣ таманно менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!