Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 13 сентябр Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат кулли кормандону собиқадорони соҳаро самимона табрик намуда, ба ҳамагон, сиҳату саломатӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Дар ҳақиқат саҳми мелиораторон дар рушди соҳаи кишоварзӣ беназир буда, фаровонии бозори истеъмолӣ маҳз аз кору фаъолияти шабонарӯзии онҳо вобастагии калон дорад.
Ҳоло дар вилоят зиёда аз 430 дастгоҳи пойгоҳҳои обкашии хурду бузург барои обёрии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва боғу токзор мавҷуд буда, ҷиҳати мунтазам кор кардани онҳо аз тарафи мутахассисони варзида тадбирҳои зарурию саривақтӣ роҳандозӣ мегардад.
Тайи солҳои охир маҳз бо заҳмати софдилонаи кормандони соҳаи обрасонӣ рушди соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 11,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 8,2 миллиард ё худ, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нукта баёнгари он аст, ки новобаста аз мушкилиҳои соҳа кормандони соҳаи обрасонӣ тавонистанд, рисолати касбии худро содиқона адо намуда, дар фаровонии маҳсулот ва аз ҳама муҳим яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бориз гузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола бо мақсади таъмини рушди соҳа ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои нави обёришаванда маблағҳои зарурӣ равона карда, ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи обёрӣ дастгоҳу муҳаррикҳои навро харидорӣ ва барои васл намудан мусоидат карда истодааст.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа минбаъд низ фаъолиятро дар самти таъминоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ пурзӯр карда, нақшаҳои идоравиро сари вақт ва босифат таъмин намоянд.
Барои расидан ба нақшаву ниятҳои нек, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, умри бардавом ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сулҳу суботи комил ва ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Иди касби муборак, мелиораторони гиромӣ!