Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба кулли табибони вилоят ва собиқадорони соҳа сидқан шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом, хотирҷамъии доимӣ, саодати рӯзгор ва иқболи баланд таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки Иди касбии табибон ҳамасола дар рӯзи мавлуди фарзанди барӯманди халқи тоҷик, олими сатҳи ҷаҳонӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва дар арафаи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи истиқлоли давлатии кишвар таҷлил гардида, аз дастоварду тозакориҳои нав ба нави соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Ватани маҳбубамон паём мерасонад.

Воқеан ҳам, истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои баланд бардоштани сатҳу сифат, самаранокӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ пайваста афзоиш ёбад.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, ҷиҳати маблағгузории соҳа, таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштаии сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин бора, дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: "Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад".

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ баланд бардошта шавад.

Бо ин мақсад, дар вилоят соли 2024-ум ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят 806 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 134,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Боиси ифтихор аст, ки табибони тоҷик ҳамчун ворисони арзандаи гузаштагони худ бо донишу малакаи корӣ ва истеъдоди фитрӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф шудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тиб дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи нек, бахусус бо фаро гирифтани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бори дигар, табибони ҳозиқи вилоятро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳои беназир ва дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат таманно дорам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!