Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони гиромӣ, муҳтарам кормандони соҳаи варзиш!

Рӯзи варзишгарон дар рӯзҳое рост меояд, ки варзишгарони тоҷик дар 33-юмин Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намудҳои дзюдо, бокс, гӯштини тарзи озод, таэквандо ВТФ, шиноварӣ ва варзиши сабук, ки аз санаи 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи давлати Фаронса баргузор гардида истодааст, бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзиши кишвар 3 медали биринҷиро Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев аз рӯи намуди дзюдо ва бокс ворид намуданд.

Боиси хурсандист, ки ҳамасола дар кишвар 10 - уми август Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад. Иқдоми мазкур самараи неки сулҳ ва суботи сиёсӣ буда, аз ҷониби дигар далел аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои муаззами миллат ба соҳаи варзиш маҳсуб меёбад.

Бо истифода аз фурсати муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шумо, варзишгарон - муаррифгарони Ватанро табрик намуда, ба шумоён саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбӣ таманно мекунем.

Мову Шумо хуб медонем, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди неки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, татбиқи ормонҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар шароити кунунӣ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш дар вилояти Суғд тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст, ки аз файзу баракоти фазои тинҷию оромист.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарки аҳамияти ин нукта дар партави дастуру супоришоти Пешвои муаззами миллат ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти таъмини рушди соҳа, фароҳам овардани имкониятҳои арзандаи варзишӣ, дастгирӣ нисбат ба варзишгарон, қадршиносии кормандони соҳа иқдоми имконпазирро амалӣ мекунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва Барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад.

Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарин, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят ба чемпионатҳои ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми қарори зикргардида ба шумор мераванд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хосае касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, Осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо бо роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯй кор омада, ҷиҳати ҳавасмандгардонии варзишгароне, ки дар 33-юмин Бозиҳои олимпӣ Париж-2024 ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар мутаносибан барои ҷойи 1-ум – 300 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи 2-юм – 250 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи 3-юм – 200 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе барои ҷойи 1-ум хонаи истиқоматии 3 ҳуҷрагӣ, барои ҷойи 2-юм – 2 хонаи истиқоматии 2 ҳуҷрагӣ ва барои ҷойи 3-юм хонаи истиқоматии 1 ҳуҷрагӣ тӯҳфа карда мешаванд.

Имрӯз мо бо ифтихор номи варзишгарони вилоят - Комроншоҳи Устопириён, Довуд Махкамов, Хусравхон Раҳимов, Муминхӯҷа Мансуров, Амирҷон Обидов, Шоҳиҷаҳон Бобоев, Ғаниҷони Шероз, Акмал Қодиров ва дигаронро ба забон оварда метавонем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад”.

Ман ба ҳамаи Шумо ҷавонон – варзишгарони номии вилоят барору комёбиҳо таманно мекунам.

Рӯзи варзишгарон муборак, парчамбардорони миллат!