Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Бо арзи эҳтиром ва самимияти афзун кулли бошандагони вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагӣ комёбиҳои беназир таманно менамоям. 

Шоистаи зикр аст, ки мардуми шарафманди вилоят солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки падидаи нодир ва дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолиамон маҳсуб меёбад, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегирад. 

Соли равон дар партави “Соли маърифати ҳуқуқӣ” муҳтавои муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар кишвар амал мекунанд, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ тарғиб мегардад, итминон аст, ки тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои миллат ба маврид зикр намудаанд: “Мо, тоҷикон, таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шуда, ҷаҳониён ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамоянд”.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибдавлатӣ дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, солҳои охир мавриди истифода қарор гирифтани иншооти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ вусъати тоза касб намудааст.

Дар ин маврид, бо таъбири Пешвои миллат баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба китобу китобхонӣ, ҳунаромӯзӣ, варзиш, бо шуғл фаро гирифтани қишрҳои мухталифи ҷомеа, бо машғулиятҳои муфид фаро гирифтани ҷавонон, бо чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ пур кардани фазои холии иттилоотӣ муҳимтарин роҳҳои пешгирии гаравиш аз падидаҳои номатлуб мебошад. 

Аз сарчашмаҳои ташаккули тамаддуни башарӣ хулоса намудан ҷоиз аст, ки мафҳумҳои Истиқлолу ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳо баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт, то чӣ андоза дастоварди нодир барои халқу миллат маҳсуб меёбанд.  

Бигузор, аз файзу баракоти ваҳдати миллӣ кишвари азизамон боз ҳам пешрафта, мардуми кишвар нусратёр ва бахту саодат ҳамрадифи зиндагии ҳар як бошандаи Тоҷикистон бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ бароятон фархундаву хуҷаста бод!