Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Қурбон

Фаро расидани Иди саиди Қурбонро ба сокинони меҳнатқарини вилоят самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, рўзгори орому осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳоро орзу менамоям.

Ҷолиби ифтихору сарбаландист, ки ин иди муборак ба Рўзи Ваҳдати миллӣ, рўзи расидан ба истиқрори сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, рост омада, шаҳодат аз он медиҳад, ки мо мардуми сарбаланди ин Ватан аз як гиребон сар бароварда, кишварамонро аз ин ҳам бештар ободу зебо ва гул-гулшукуфон намоем. Сулҳу ваҳдат ва оромии диёрамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва ба қадру манзалати он расем.

Сокинони сарбаланди вилоят дар ин иди мубораки Қурбон, ки бо номи иди Азҳо маълум аст, баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум тақвият бахшида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро вусъат мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, таъкид намудаанд: «Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст».

Аз ин рӯ, мо дар рӯзи ид бояд ба ҷанбаи маънавии он бештар эътибор диҳем.

Ҳабдаҳ сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои он пешгирӣ намудани зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми баргузории ҳама гуна расму ойин ва ҷашну маросим, аз ҷумла идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад.

Воқеан ҳам, Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат изҳор доштанд, ки дар арафаи идҳои миллӣ ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои мусалмонӣ буда, дар мустаҳкам гардидани дўстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим аст.

Алҳол деҳқонони ватандўсти вилоят барои таъмини рўзгор ва зиндагии шоистаи оила, фаровонии бозори истеъмолӣ ҷиҳати рўёнидани ҳосили дилхоҳ дучанд заҳмат мекашанд. Эътимод ба он дорем, ки иди аҷдодиамон ба ғановати дастархони мардум мусоидат намуда, ба ҳамагон рўҳу илҳоми тоза мебахшад.

Бахусус, дар шароити имрўзаи буҳронҳои сиёсию маънавии ҷомеа, низоъҳои минтақавӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ бо истифода аз ин фарҳанги бузурги исломӣ мо бояд пеши роҳи ҳама гуна исрофкориву зиёдаравиро гирем ва бо ҳикмати ободкории гузаштагон тамоми нерўи худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ равона намоем.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли сокинони вилоят сидқан табрик гуфта, тандурустӣ, сарбаландӣ, ризқу рўзии фаровон, рўзгори орому осуда ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям. 

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!