Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Фарорасии Рӯзи байналмилалии муҳити зистро ба кулли ҳамватанон ва кормандони соҳа сидқан табрику таҳният мегӯям.

Дар даврони истиқлоли давлатии кишвари азизамон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти экологии ҷомеа ба масъалаҳои дастрасии аҳолии сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, коҳиш додани равандҳои гармшавии иқлим, пешгирии тағйирёбии он ва тозагии муҳити зист диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Пешвои муаззами миллат дар аксари ҷаласаву хамоишҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ дар баробари масоили дигаре, ки имрӯз оромию суботи аҳли башарро халалдор месозанд, таваччуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаи ҳифзи сарватҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи он ҷалб менамоянд, ки бесабаб нест. Зеро сол аз сол тағйир ёфтани иқлим, гармшавии ҳарорати сайёра, камобӣ ва хушксолиҳои пай дар пай, ки боиси бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, аз кулли кишварҳои ҷаҳон талаб менамояд, ки барои пешгирӣ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона дар баробари дигар масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ба масъалаи кабудизоркунии шаҳру деҳоти мамлакат диққати махсус дода, ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, пешгирӣӣ харобшавии табиат, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ва беҳтар кардани вазъи экологӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла таъкид намуданд: «Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Мо аз он ифтихор менамоем, ки бо сарварии Пешвои муаззами миллат то имрӯз чандин ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари азизамон вобаста ба масъалаи ҳифзи сарватҳои табиӣ, наҷоти табиат ва инсоният аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббускор ва пешсафи иқдомҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ дар кишвари азизамон сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст.

Дар ин замина, равона гардидани кӯшишу ғайрат ва дониши касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист барои пешгирии пайдошавии бӯҳронҳои экологӣ ва боло рафтани маърифати экологии аҳолӣ мувофиқи мақсад мебошад. Яке аз воситаҳои самарабахш дар ин самт дар андешаи насли наврас ташаккул додани ҳисси эҳтиром ба табиат буда, ҷавонон бояд дар бораи табиат маълумоти саҳеҳ дошта бошанд, табиатро ҳифз намоянд, баҳри ободию устувории он кӯшиш намоянд.

Бори дигар, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳити зист кулли мардуми шарифи вилоят, дӯстдорони табиат, мутахассисон ва онҳоеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику таҳният гуфта, саломатӣ, хонаи обод, бахту иқболи нек ва дар идомаи ташаббусҳои наҷиб ба хотири ободӣ ва рушди Ватани маҳбубамон муваффақияту пирӯзиҳо таманно менамоям.