Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи Қӯшунҳои сарҳадӣ

Рафиқон афсарон, прапоршикон, сержанту сарбозон,

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрўз ба яке аз санаҳои муҳимтарини кишвар –таъсисёбии Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, 30 сол пур мешавад.

Лозим ба қайд аст, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар тўли таърихи мавҷудияти худ ва дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузоштааст.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон таърих, фарҳанг ва дигар муққаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад”.

Сарҳадбонони мо дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардумони кишвар ва минтақа мебошад.

Итминони комил дорам, ки сарҳадбонони кишвар бо хизмати садоқатмандонаашон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ҷодаи татбиқи нишондодҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ, баланд бардоштани обрўю нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми қувва, таҷриба ва маҳораташонро сафарбар менамоянд.

Дар ин рўзи фархунда, бори дигар Шумо - сарҳадбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси кишвари азизамонро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошараф – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёрамон ва амнияти сокинони вилоят барору комёбӣ орзу менамоям. 

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!