Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳамасола нуҳуми май дар қатори халқҳои дигари сулҳдӯсти сайёра дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ санаи таърихии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мегардад.​

Соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон Тоҷикистон 79 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми вилоятро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба сидқан табрик гуфта, ба хонадони мардуми Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардиданд, ки ин шумора 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. Аз ин рӯ, қадршиносӣ ва ба ёд овардани корномаи беназири падарони қаҳрамон, инчунин насли калонсол, занон ва наврасоне, ки дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро гузоштанд, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи ин ҷанги ҷаҳонӣ таъкид намудаанд: «оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад».

Бахусус, дар шароити имрӯзаи вазъи ниҳоят ноорому мураккаби ҷаҳон, ки башарро хатару таҳдидҳои гуногун, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст, рушд бахшидани сулҳу дӯстӣ ва ҳампайвандиву ҳамкорӣ дар байни халқу кишварҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад ва моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳифзу ҳимояи суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Дар ин замина, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон, ки борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд, баҳри таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон содиқонаву ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Насли имрӯзро зарур аст, ки таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори тайкардаи гузаштагони худро омӯхта, баҳри таъмини иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз, рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон ва нуфузу обрӯи он беш аз пеш талош варзанд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик гуфта, хотирҷамъӣ, хонаи обод ва дастоварду муваффақиятҳо таманно менамоям.

Рӯзи Ғалаба муборак бошад!