Ҳамасола, 23-юми феврал Рўзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли мардуми шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.
Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан –Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».
Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.
Мардуми сарбаланди вилоят ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд минбаъд низ дар қатори дигар сокинони Ватани азизамон, бо дастгирии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳифзи сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти минбаъдаи Ватан-Модар ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат саъю кўшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Бори дигар, ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, собиқадорон ва сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддас ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирўзиҳо орзумандам.
Ҷашн муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!