Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи геологҳо

 

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола 9 декабр дар қаламрави кишвар Рӯзи геологҳо ҷашн гирифта мешавад. Кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, муваффақияти кору рӯзгоратонро таманно дорам.

Зикр кардан бамаврид аст, ки иди касбиро кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон  буда, геологҳо дар истифодаи захираҳои мавҷуда нақши муассир доранд. Сарзамини моро сарватҳои табииаш шӯҳратёр гардонидааст ва мардум дар ҳама давру замон онҳоро ба манфиати давлат ва беҳдошти зиндагии хеш истифода мебарад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар кишвар ба соҳаи геология чун яке аз ҷабҳаҳои зарурии хоҷагии халқ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳаро чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ намуданд.

Геологҳо баҳри ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу масолеҳи бинокорӣ хеле заруранд, фаъолияти судмандро ба роҳ монда, дар обшоркунии заминҳо ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо беш аз пеш ҳисса мегузоранд.   

Ба шарофати соҳибистиқлолиии кишвар  имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ, Гулистон, Конибодом ва Истиқлол корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ муттасил гузаронида мешаванд ва ҷиҳати дарёфти захираҳои иловагии маъданҳо корҳои бузург ҷараён доранд.  

Дар кишвар ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ вусъат гирифтаанд. Геологҳои вилоят ҳам дар корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, мис, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул буда, баҳри пешбурди соҳа ва афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаву коргоҳҳо, ҳарчӣ бештар кашф намудани боигариҳои зеризаминӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд.  

Бо боварии комил метавон гуфт, ки геологҳои вилоят анъанаҳои ҷӯяндагони боигарии зеризаминиро таҳким бахшида, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бориз  мегузоранд.

Бори дигар кормандони соҳаи геологияро бо рӯзи кормандони соҳа шодбош гуфта, саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ ва хонаи обод, рӯзгори пурфайзу баракот орзу менамоям.