Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми сокинони вилоят сидқан табрик гуфта, таманно мекунам, ки ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми кишварро ба сӯи ояндаи дурахшон ва музаффариятҳои нав ба нав раҳнамун созад.

Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихии 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ҷашн мегирем.

Боиси таъкид аст, ки раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд:

“Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид”.

Дар ин муддат таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар Ватани маҳбуби мо ва аз ҷумла дар вилоят чандин иншооти бузурги истеҳсолию иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар таҳкими иқтидори давлат ва рушди иқтисоди миллӣ нақши равшан гузоштанд. Гузашта аз ин, дар ҳудуди вилоят бо мақсади тақвият бахшидани эҳсоси милливу ифтихори ватандории мардум, бахусус, насли ояндасози миллат солҳои охир дар маркази шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳот бунёд намудани майдону гулгаштҳои Парчам ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар тақвияти ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ мусоидат менамояд.

Ба ин маънӣ, Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад.

Таманно мекунам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон аз рӯзи қабули он сӣ сол сипарӣ гардид, дар фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!